Ҳамагӣ 4,6% маблағгузории хурд дар Тоҷикистон ба истеҳсолот рост меояд


Дар ҷараёни кори Конфронси имрӯзаи миллӣ таҳти унвони «Дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, нақши қарорҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ» дар Душанбе зикр гардид, ки ҳудуди 40% аз ҳаҷми умумии маблағузории хурд ба бахши савдо ва ҳамагӣ 4,6%-и он ба соҳаи истеҳсолот рост меояд.

Ба андешаи роҳбари ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон интернешнл» Санавбар Шарифова, барои рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд, вале дар ҳамин ҳол, «дар роҳандозии тиҷорат ҳамчунин мушкилоте чун сатҳи пардохтпазирии нокофии аҳолӣ, афзоши нархҳо дар нақлиёт ва мавҷуд набудани дастрасӣ ба технологияҳои инноватсионӣ низ ҷой доранд». «Ҳалли мушкилоти қарзҳои хурди миқдори зиёд барои корхонаҳои тозатаъсис зарур аст», – гуфт номбурда.

Дар конфронс ҳамзамон зикр гардид, ки миқёси фарогирии аҳолии Тоҷикистон бо хизматгузориҳои маблағгузории хурд комилан нокофӣ аст. Миёни сабабҳои ин вазъ иқомати аксари аҳолӣ дар манотиқи деҳот ва дур аз шаҳру маркази ноҳияҳо номбар шуд.

Ба андешаи иштирокчиёни конфронс, роҳандозии стратегияҳои нав ва дарёфти сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ зарур мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное