Анонс
– Соати 10:00 дар дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавзӯи монеъаҳои сунъии эҷодкарда дар роҳи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентӣ конфронси матбуотӣ доир мегардад. Созмондиҳандаи чорабинӣ ситоди пешазинтихоботии номзад Ойниҳол Бобоназарова аст;
– Дар толори хурди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» (ошёнаи 3-юм) бо ташаббуси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» мизи гирд барпо мегардад. Оғоз соати 09:00;
– Соати 10:00 дар маҷмааи давлати «Кохи Борбад» намоишгоҳи «Маҳсулоти содиротии вилояти Синтзян-Уйғури Чин» ба кор оғоз мекунад, ки то 30-юми сентябр идома меёбад;
– Дар хиёбони рӯбарӯи бинои хизмати маишии «Салдбарг» Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар корхонаҳои пойтахтро доир менамояд. Оғоз соати 08:00;
– Дар доираи даври интихобии мусобиқоти Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дастаи Тоҷикистон бо дастаи Қувайт қувваозмоӣ мекунад. Оғози бозӣ соати 22:00;
– Бозиҳои аввали нимфинали Ҷоми футболи Тоҷикистон. «Парвоз» (ноҳ. Бобоҷон Ғафуров) – «Истиқлол» (Душанбе) ва «Регар-ТадАЗ» (ш. Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа). Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 1-уми октябр доир мегарданд.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.7683
сомонӣ;
1
евро
– 6.1054
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1499
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ
1968
– Дар Душанбе бо иштироки АИ ИҶШС конфронси байнулмилалии ЮНЕСКО оид ба таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар давраи Кӯшониён ба кор шурӯъ намуд.
1927
– Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов.
1963
– Мавлуди нависанда ва рӯзноманигор Равшан Махсумов.
1963-2001
– Зодрӯзи нависанда Мавҷигули Зардодхон.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +23+28.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +15+20.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +20+25.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои
тағйирёбанда,
бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +7+12, рӯзона +20+25; дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +10+15.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +27+29.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +8+10 рӯзона +24+26.



