Суғд: Оғози тамринҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Имрӯз дар тамрингоҳи низомии Чоруқдарон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Муҳофизат-2013» тамринҳои муштараки тактикии низомӣ оғоз гардиданд, ки дар он дар қатори ҷузъу томҳои артиши Тоҷикистон гурӯҳи кӯҳии тирандози артиши Қирғизистон низ ширкат меварзад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, тамринҳо таҳти сарварии сардори Ситоди кулли Қувваҳои […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар тамрингоҳи низомии Чоруқдарон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Муҳофизат-2013» тамринҳои муштараки тактикии низомӣ оғоз гардиданд, ки дар он дар қатори ҷузъу томҳои артиши Тоҷикистон гурӯҳи кӯҳии тирандози артиши Қирғизистон низ ширкат меварзад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, тамринҳо таҳти сарварии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенанат Рамил Нодиров доир гардида, дар он амалҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Қирғизистон зимни муқовимат бо гурӯҳҳои террористӣ мавриди омӯзишу санҷиш қарор мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, дар қатори сарбозону афсарон ба тамринҳо техникаи зиреҳпӯш, артиллерия ва навъҳои гуногуни силоҳи оташфишон сафарбар шудаанд.

«Дар марҳилаи ниҳоии тамринҳо, ки рӯзи 2-юми октябр доир мегардад, вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳузур хоҳанд дошт», -афзуд Ф.Маҳмадалиев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.