Анҷумани ҲСДТ ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд

Раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар бораи аз санаи 6 ба 12-уми октябр гузаронидани баргузории анҷумани ҳизб тасмим гирифт. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук навиштааст, ки бо сабабҳои гуногуни объективӣ ва субъективии дохилиҳизбӣ, ҷараёни интихобот, хусусан ҷамъоварии имзоҳо, аз ҷумла ба дастгирии номзади ягона аз ИНИТ, маҳдудиятҳо ва қонуншиканиҳо дар […]

Акмал Маннонов


Раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар бораи аз санаи 6 ба 12-уми октябр гузаронидани баргузории анҷумани ҳизб тасмим гирифт.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук навиштааст, ки бо сабабҳои гуногуни объективӣ ва субъективии дохилиҳизбӣ, ҷараёни интихобот, хусусан ҷамъоварии имзоҳо, аз ҷумла ба дастгирии номзади ягона аз ИНИТ, маҳдудиятҳо ва қонуншиканиҳо дар ин ҷараён, ки таҳлилталаб мебошанд, ва бо дастрасии он, ки рӯзи 11.10. с. 2013 ҳамчун рӯзи охирини қайдгирии номзадҳо ба вазифаи президенти ҶТ муқаррар гардидааст, ҲСДТ анҷумани ғайринавбатии худро, ки ба рӯзи 6-уми октябр таъин гардида буд, рӯзи 12-уми октябр баргузор менамояд.

«Рӯзи баргузории анҷумани ҳизбро ба санаи 12-уми октябр мавқуф гузоштем, то ки сипас дар бораи мавқеи худ маълумот диҳем», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Р.Зойиров.

Раиси ҲСДТ илова намуд, ки «ҲСДТ Ойниҳол Бобоназароваро ҳамчун номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ҷонибдорӣ мекунад» ва «аъзои ҳизби мо дар ситодҳои маҳаллии ИНИТ фаъолият доранд».

Ба қавли ӯ, ҳама ҷо ҷиҳати ҷамъоварии имзоҳо ба намояндагони ИНИТ монеъа эҷод шуда, ба номзадҳои дигар аҳзоб мусоидат карда мешавад.

«Аз ҷумла, аллакай рӯзи 22 сентябр раиси ҲДТ С.Исмонов эълом менамояд, ки барои дастгирии ӯ аллакай 47 ҳазор имзо ҷамъ оварда шудааст. Пагоҳаш ин шумора ба 53 ҳазор расид. Рӯзи 27 сентябр аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон хабар дода шуд, ки ба дастгирии номзад Бухориев 130 ҳазор имзо ҷамъ оварда шудааст ва ғайра. Ин аз кадом мантиқ ва бо истифодаи кадом усулҳо? Ин чӣ воқеият ё фитна? Ин дар ҳоле ки ҳама ситодҳои номзади ягонаи ИНИТ О.Бобоназарова бо иштироки аъзои ҲНИТ ва ҲСДТ, бо кашфи гуногун маҳдудиятҳо ва қонуншиканиҳо аз ҷониби мақомотхои маҳаллӣ ва худи тартиботи ҳуқуқӣ барои ситодҳои номзади ягона, то рӯзи 27 сентябр ҳамагӣ 21 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд. Ин аз рӯи кадом мантиқ мебошад, ки ИНИТ имзо ҷамъ оварда натавонаду, ҳизбҳои аъзонадошта имзо ҷамъ оварда тавонанд?», – менависад ӯ.

Ёдрас мекунем, ки раиси ҲСДТ қаблан аз тамоми ҷонибдоронаш

даъват ба амал овард

, ки дар маъракаи интихоботи президентӣ атрофи номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) Ойниҳол Бобоназарова муттаҳид шаванд.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз шаш ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд. Аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Иттифоқи ҷавонон ва Итифоқҳои касабаи Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.