Ғоратгарони манзили Муродалӣ Алимардон маҳкум шуданд

Суди олии Тоҷикистон имрӯз нисбати ғоратгарони манзили муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ҳукм содир намуд. Ғоратгарон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи панҷ моддаи КҶ ҶТ – 104 (Одамкушӣ), 130 (Одамрабоӣ), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои […]

Аваз Юлдошев


Суди олии Тоҷикистон имрӯз нисбати ғоратгарони манзили муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ҳукм содир намуд.

Ғоратгарон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи панҷ моддаи КҶ ҶТ – 104 (Одамкушӣ), 130 (Одамрабоӣ), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 249 (Роҳзанӣ) ва 254 (Соҳиб  шудан  ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулке, ки баръало  бо роҳи ҷиноят ба даст оварда  шудааст) муттаҳам дониста мешуданд.

Дар мурофиаи судии имрӯза таҳти раёсати Мирзо Каримов, судяи Суди Олии Тоҷикистон Умед Насриддинов ба 22 сол ва Зайниддин Самадову Дилшод Мирзоев ҳар кадоме ба 24 соли зиндон маҳкум шуданд.

Зимни қироати ҳукм судя зикр кард, ки бо назардошти ҷавонии судшавандагон, бори аввал даст ба ҷиноят задани онҳо ва ҳамчунин мавриди амал қарор гирифтани қонуни афви соли гузашта, муҳлати ҷазои ҳар кадоме аз онҳо 2-солӣ кам карда мешавад.

Моҳи июни соли 2005 се нафар шахсони мусаллаҳ манзили зисти раиси БМТ Муродалӣ Алимардонро мавриди ғорат қарор доданд. Ҳангоми ғоратгарӣ посбон ба қатл расонида шуда, автомашинаи хизматӣ рабуда шуд.

Баъдтар автомобили хидматӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ каме дуртар аз пойтахт дарёфт гардид. Дар бағочдони автомобил бо дасту пои баста посбони дигар пайдо шуд, ки осеби ҷиддие надида буд. Худи Алимардон ҳангоми ғорат дар манзилаш набуд.

Баъди чанле ВКД хабар дод, ки аз манзили зисти Алимардон 7 ҳазор доллари ИМА ва 500 сомонӣ пули нақд ва ҳамчунин ороишоти тило рабуда шудаанд.

Соли 2005 яке аз посбонони Алимардон аз рӯи ин парванда маҳкум шуда, 8 моҳ адои ҷазо кард.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.