Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Соати 10:00 дар Душанбе ҷаласаи нахусти иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он тасдиқи Созишнома байни Тоҷикистону Русия дар бораи мақоми ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар назар аст;

– Вохӯриҳои ҷавобии давари нимфиналии мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд. «Вахш» – «Регар-ТадАЗ» (варзишгоҳи «Пахтакор»-и ш.Қӯрғонтеппа) ва «Истиқлол» – «Парвоз» (варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе). Оғози бозиҳо соати 15:00.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7685

сомонӣ;


1

евро

– 6.1997

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1500

сомонӣ.



Як рӯзи таърих

Рӯзи байнулмилалии кӯҳансолон.

Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ.


1937

– Шӯрои Комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи мактаби мусиқиву балет дар Душанбе қарор қабул кард.


1960

– Мавриди амал қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли мебели Ленинобод (феълан Хуҷанд).


1933-2009

– Зодрӯзи шоира Озод Аминзода.


1937-2001

– Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуф Акобиров.


1939

– Зодрӯзи доктори улуми фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи улуми ҶТ Акбар Турсунов.


1946-1994

– Мавлуди актёри театр, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Қурбон Ҳомидов.


1949

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳабибулло Ибодов.


1951

– Мавлуди рӯзноманигор Салимахон Ваҳҳобзода.


1952-2001

– Зодрӯзи коргардони театр Тоҳир Баҳромов.


1960

– Мавлуди нависанда Маҷид Салим.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +26+31.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +24+29.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +8+13, рӯзона +27+32;  дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +28+30.

spot_imgspot_img

Популярное