КМИР: Ҳадди 5%-ро ба хотири муҳоҷирон коҳиш дода наметавонем

Раиси дастгоҳи КМИР-и Тоҷикистон Абдуманон Додоев ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иброз дошт, Кумитаи марказии интихобот ва райдиҳӣ пешниҳоди Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхохи Тоҷикистон перомуни «ба инобат гирифтани имзоҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ё ин ки онҳоро аз феҳрасти умуми интихобкунандагон хориҷ кардан ва ҳамзамон бо ин 210 ҳазор имзоро коҳиш додан»-ро қабул кардан наметавонад, зеро «ин амал комилан хилофи […]

Фируз Умарзода


Раиси дастгоҳи КМИР-и Тоҷикистон Абдуманон Додоев ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иброз дошт, Кумитаи марказии интихобот ва райдиҳӣ пешниҳоди Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхохи Тоҷикистон перомуни «ба инобат гирифтани имзоҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ё ин ки онҳоро аз феҳрасти умуми интихобкунандагон хориҷ кардан ва ҳамзамон бо ин 210 ҳазор имзоро коҳиш додан»-ро қабул кардан наметавонад, зеро «ин амал комилан хилофи қонун» аст.




«Мо масъалаи мазкурро дида баромадем, лекин он комилан бар хилофи моддаи 65-и Сарқонуни кишвар (дар бораи ҷамъоварии дастикам 5%-и имзоҳои интихобкунандагон) аст ва мо наметавонем ин корро анҷом диҳем,- гуфт А. Додоев. – Онҳо намефаҳманд: мо муҳоҷиронро аз ҳаққу ҳуқуқи додани овози худ маҳрум намесозем. Қарори КМИР дар он робита қабул шудааст, ки дар қонунгузорӣ тартиби ҷамъоварии имзоҳо дар хориҷи кишвар муайян карда нашудааст ва варақаҳоро фақат раисони ҳукуматҳо тасдиқ карда метавонанд. Аммо берун аз қаламрави кишвар чунин имконият вуҷуд надорад ва  намояндагиҳои Тоҷикистон ҳуқуқи тасдиқи варақаҳоро надоранд».

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхохи Тоҷикистон (ИНИТ) таъмини иштироки шаҳрвандони дар хориҷбудаи Тоҷикистон, қабл аз ҳама муҳоҷирони меҳнатиро ба ҷамъоварии имзоҳо талаб намуда, ба «имкони ҷамъоварии имзоҳо ва тасдиқи онҳо дар сафорат ва намояндагиҳои консулгариҳои ҶТ дар хориҷи кишвар, ба имкони тарафдорӣ аз ин ё он номзад тавассути райдиҳии электронӣ ва ғайраҳо» ишора кард. Ғайр аз он, иддае инчунин дигар шаклҳои ҳалли масъаларо бо истифода аз технологияҳои нав пешкаш карданд.

А. Додоев мегӯяд, ки ҳеҷ чорае дар мавриди ҳалли ин масъала тавассути интернет, фановариҳои ҷадид ҳам андешида нахохад шуд. «Мо чунин технологияҳоро дар ихтиёр надорем»,-гуфт ӯ.

13-уми сентябр ИНИТ дар бораи зарурати иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадон ба мақоми сарвари давлат изҳорот пахш кард.

ИНИТ қарори КМИР оид ба аз имкон берун будани иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷамъоварии имзоҳоро ғайриқонунӣ ва поймолкунандаи ҳуқуқи шаҳрвандон меҳисобад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.