Барои дастгирии номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, раиси он, директори Институти иқтисодии Академияи Улуми кишвар профессор Олимҷон Бобоев то субҳи 2-юми октябр беш аз 203 ҳазор имзои интихобокунандагон ҷамъоварӣ шудааст.
Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ситоди пешазинтихоботии номзад иттилоъ доданд. Манбаъ гуфт, ки барномаи пешазинтихоботии О. Бобоев аллакай таҳия шуда, рӯзҳои наздик дар васоити ахбори омма нашр хоҳад шуд.
Мувофиқи маълумот, таваҷҷӯҳи асосӣ ба масъалаҳои эҳёи иқтисодиёти миллӣ, таъсис додани ҷойҳои корӣ, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, дастрасии маориф ва тандурустӣ мебошад.
Феълан ҲИИТ наздики 20 ҳазор аъзо дорад. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Точикистон соли 1995 таъсис ёфтааст. То имрӯз ду нафар узви ҳизб вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ мебошанд.



