Барои дастгирии номзад аз ҲИИТ беш аз 203 ҳазор имзо ҷамъ шудааст

Барои дастгирии номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, раиси он, директори Институти иқтисодии Академияи Улуми кишвар профессор Олимҷон Бобоев то субҳи 2-юми октябр беш аз 203 ҳазор имзои интихобокунандагон ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ситоди пешазинтихоботии номзад иттилоъ доданд. Манбаъ гуфт, ки барномаи пешазинтихоботии О. Бобоев аллакай таҳия шуда, рӯзҳои наздик […]


Барои дастгирии номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, раиси он, директори Институти иқтисодии Академияи Улуми кишвар профессор Олимҷон Бобоев то субҳи 2-юми октябр беш аз 203 ҳазор имзои интихобокунандагон ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ситоди пешазинтихоботии номзад иттилоъ доданд. Манбаъ гуфт, ки барномаи пешазинтихоботии О. Бобоев аллакай таҳия шуда, рӯзҳои наздик дар васоити ахбори омма нашр хоҳад шуд.

Мувофиқи маълумот, таваҷҷӯҳи асосӣ ба масъалаҳои эҳёи иқтисодиёти миллӣ, таъсис додани ҷойҳои корӣ, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, дастрасии маориф ва тандурустӣ мебошад.

Феълан ҲИИТ наздики 20 ҳазор аъзо дорад. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Точикистон соли 1995 таъсис ёфтааст. То имрӯз ду нафар узви ҳизб вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".