«Тоҷиксемент» дубора ба фаъолият оғоз кард

Нимаи дуюми рӯзи 2-юми октябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе пас аз таваққуфи даҳмоҳа дубора ба кор дароварда шуд. Хотиррасон бояд намуд, ки ин корхонаи дар гузашта бузургтарини сементбарории Тоҷикистон бар асари норасоии гази табиӣ аз кор боз монда буд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳоло дар ин […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 2-юми октябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе пас аз таваққуфи даҳмоҳа дубора ба кор дароварда шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин корхонаи дар гузашта бузургтарини сементбарории Тоҷикистон бар асари норасоии гази табиӣ аз кор боз монда буд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳоло дар ин корхона бо васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти нави технологӣ ба ҷойи гази табиӣ ба ҳайси сӯзишворӣ аз ангишт истифода карда мешавад. Хушбахтона захираи ангишт ва ашёи хоми барои истеҳсоли семент зарурӣ дар Тоҷикистон хеле фаровон буда, барои садсолаҳо басандагӣ мекунад.

Ҳоло навбати якуми ин корхона бо технологияи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори солонаи он 180 ҳазор тонна сементи баландсифат мебошад. Ин кор бо харҷи қариб 13,5 миллион доллари амрикоӣ анҷом дода шуда, аз 1140 нафар коргарони пешин 883 кас аз нав ба кор ҷалб карда шудааст. Бо вуҷуди истифода аз ангишт, ин технологияи нав камасрафу бепартов буда, ба муҳити зист ҳеҷ гуна зарар намерасонад. Дар истеҳсоли 510 тонна семент, ки иқтидори шабонарӯзии корхона аст, ҳамагӣ 350-400 кг ангишт сарф мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, навбати дуюми корхонаи сементи шаҳри Душанбе пас аз ду моҳи дигар ба кор даромада, иқтидори солонаи истеҳсолии он ба 360 ҳазор тонна маҳсулот расонда шуда, шумораи коргарон боз ҳам афзун хоҳад шуд.

Сементи дар ин корхона истеҳсолшаванда дорои сифати баланд буда, аз ҷумла аз таъсири манфии сулфат ва дигар элементу моддаҳои кимиёӣ эмин мемонад. Аз ин хотир дар бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ васеъ истифода мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи дубораи ин корхона изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки навбати дуюми корхона ҳам ҳарчи зудтар ба кор дароварда шавад. Таъкид гардид, ки иқтидори ин корхона дар оянда бояд ба 1 миллион тонна расонда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.