Сафари кории сарвари давлат ба Ваҳдат

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матуботи сарвари давлат, дар ҷараёни ин боздиди корӣ як бинои панҷқабатаи истиқоматӣ ва бинои Кохи маърифат ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони чанд иншооти дигар оғоз […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи сарвари давлат, дар ҷараёни ин боздиди корӣ як бинои панҷқабатаи истиқоматӣ ва бинои Кохи маърифат ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони чанд иншооти дигар оғоз бахшида мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз гимназияи хонандагони болаёқати ба номи Балъамӣ дидан карда, бо шароити таълиму тарбияи насли наврас бевосита шинос мешавад.

Ҳадафи дигари боздиди корӣ шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзони Ваҳдат, аз ҷумла дар самти истифодаи босамари заминҳои корами обӣ тавассути ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо мебошад.

Зимни ин боздид Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо роҳбарияту фаъолони шаҳри Ваҳдат доир ба натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар 9 моҳи соли 2013 ва вазифаҳои оянда машварати васеи корӣ ба роҳ мемонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ сохта мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.