Иттифоқҳои касаба ба ҷонибдории Э.Раҳмон беш аз 77 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуданд

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ҷонибдории номзади пешбарикардаи худ – Эмомалӣ Раҳмон то соати 17:00-и рӯзи 2-юми октябр беш аз 77 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов хабар дод. Тавре иттилоъ дода шуд, рӯзи 24-уми сентябр дар анҷумани пешазинтихоботӣ Федератсияи иттифоқҳои […]

Аваз Юлдошев


Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ҷонибдории номзади пешбарикардаи худ – Эмомалӣ Раҳмон то соати 17:00-и рӯзи 2-юми октябр беш аз 77 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов хабар дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, рӯзи 24-уми сентябр дар анҷумани пешазинтихоботӣ Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба сифати номзад ба мансаби президентӣ сарвари кунунии давлат Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ кард. Ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи 246 нафар вакилони анҷуман раъй доданд.

Қобили зикр аст, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон соли 1926 таъсис дода шуд. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соли 1991 ҳамчун вориси Шӯрои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Айни замон Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар сафҳои худ беш аз 2 млн. 100 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳид месозад.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.