Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисоди миллӣ пеш аз оғози анҷумани ҲХДТ

Пагоҳ, 4-уми октябр дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев Анҷумани XI ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он масъалаи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, қабл аз оғози анҷуман намоишгоҳи дастовардҳои […]

Аваз Юлдошев


Пагоҳ, 4-уми октябр дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев Анҷумани XI ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он масъалаи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, қабл аз оғози анҷуман намоишгоҳи дастовардҳои иқтисоди миллӣ тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ доир мегардад. «Вакилони анҷуман аз комёбиҳои ҷумҳурӣ дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва тандурустӣ маълумот дарёфт хоҳанд кард», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки ба анҷумани мазкур аз тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар созмонҳои иҷтимоӣ беш аз 1 000 вакил ва меҳмонон даъват шудаанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.