Мулоқоти Э.Раҳмон бо узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаг

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеролии Олмон Михаэл Глосро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон, аз ҷумла робитаҳои рушдёбандаи миёни парлумонҳои ду кишвар баррасӣ шуд. Бо таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеролии Олмон Михаэл Глосро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон, аз ҷумла робитаҳои рушдёбандаи миёни парлумонҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Олмон ҳарду ҷониб дурнамои ин равандро умедбахш номиданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории васеъ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ ва ғайра ба нафъи ҳарду давлат ва шарикони минтақавии онҳо хоҳад буд.

Михаэл Глос изҳор дошт, ки Олмон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон сидқан ҳавасманд аст.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.