Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забон дар «Амонатбонк»

Дар толори  маҷлисгоҳи бинои Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи забон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа меҳмонон аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуқра Аҳмадова, Шодмонҷон Мансуров ва шоира Меҳриниссо ширкат доштанд. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus


Дар толори  маҷлисгоҳи бинои Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи забон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа меҳмонон аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуқра Аҳмадова, Шодмонҷон Мансуров ва шоира Меҳриниссо ширкат доштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», ҷаласаи тантанавиро муовини Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Абдуманнон Саидов оғоз намуда перомуни гиромидошти забони давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муқаддаси Истиқлолияти комили Тоҷикистон, мақоми давлатӣ гирифтани забони ноби тоҷикӣ ибрози андеша намуда меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро хайрамақдам намуд. Сипас шоира Меҳриниссо аз фазилат ва таърихи бою ғании забони тоҷикӣ ва таъриху тамаддуни миллати тоҷик бо шеърҳои ватандустона ба иштирокчиён андешаҳои худро баён намуданд.  Иштирокчиён аз шеърҳо ва суханони шоира Меҳриниссо ба ваҷҳ омада андешаҳои шоираро самимона истиқбол намуданд.

Дар идомаи ҷаласа намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуқра Аҳмадова, Шодмонҷон Мансуров ба суолҳои иштирокчиён посух дода атрофи  ҳифзи забони ноби тоҷикӣ андешаронӣ намуданд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.