Президент аз 12 нафар сафирони кишварҳо эътимоднома қабул кард

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон Холгер Грен, Федератсияи Русия Игор Лякин-Фролов, Давлати Қатар Алӣ ибни Муборак ал-Муҳандӣ, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Наваф Халиф Ал-Сарайреҳ, Шоҳигарии Белгия Мишел […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон Холгер Грен, Федератсияи Русия Игор Лякин-Фролов, Давлати Қатар Алӣ ибни Муборак ал-Муҳандӣ, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Наваф Халиф Ал-Сарайреҳ, Шоҳигарии Белгия Мишел Петерманс, Ҷумҳурии Чехия Гинек Пейха, Ҷумҳурии Финляндия Никлас Линдквист, Конфедератсияи Швейтсария Мауро Райна, Япония Такаюки Коикэ, Шоҳигарии Тайланд Чарн Ҷулламон, Ҷумҳурии Филиппин Доминго Лусенарио ва Муғулистон Жагирин Сухээ эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Гуфта мешавад, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо таъин шуданашон ба ин мақом табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки барои таҳким ва рушду густариши муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон саҳми намоён мегузоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.