Н.Зоҳидов: Бунёди долонҳои нақлиётӣ ба рушди Тоҷикистону тамоми минтақа суръат мебахшад


Имрӯз дар шаҳри Бишкек роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар маросими кушодашавии 7-умин Анҷумани ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, роҳбари ҳайати Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳамкории зич ва таъсирбахши кишварҳои Анҷуман дар соҳаҳои гуногун гарави якдигарфаҳмӣ ва наздикшавии халқҳо мебошад ва аз ин лиҳоз, Анҷумани мазкур ҳамеша аз ҷонибдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор аст.

«Барои Тоҷикистон, ки кишвари рӯ ба инкишоф аст ва роҳи баромад ба баҳр надорад, ҳалли мушкилоти баромадан аз бунбасти нақлиётӣ-коммуникатсионӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Бунёди долонҳои нақлиётии боэътимод ва бехатар, ки хароҷоти интиқоли молро ба маротиб кам мекунад, ба суръати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии на фақат Тоҷикистон, балки тамоми минтақа таъсиргузор хоҳад буд», – таъкид сохт Н. Зоҳидов.

Қайд карда шуд, ки Анҷуман ба саҳнаи муҳим ҷиҳати муколама байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ мубаддал мегардад. Н. Зоҳидов инчунин ба иштироккунандагон дар бораи вазъи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, рушди батадриҷи он, имкониятҳои сармоягузорӣ, пояи меъёрӣ-ҳуқуқии мавҷуда ва дастовардҳои солҳои охир маълумот дод.

Муовини вазир ҳамкориҳои имрӯзаи Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва дигар бахшҳо ҳамаҷониба арзёбӣ намуд. Ӯ ба тамоюли зиёдшавии шумораи донишҷӯёни Тоҷикистон, ки забони кореягиро меомӯзанд, ишора намуд.

Таъкид гардид, ки ба шарофати барномаҳои Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) мутахассисон аз Тоҷикистон имконият доранд, то бо ҳамкасбони худ дар Ҷумҳурии Корея табодули таҷриба намоянд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки байни кишварҳо имкониятҳои васеи истифоданашуда дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, саноати коркард ва сабук, ҷалби сармоя ба бахшҳои мошинсозӣ, саноати электронӣ ва металлургияи ранга, рушди телекоммуникатсия, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва соҳаи гидроэнергетика мавҷуданд.

spot_imgspot_img

Популярное