Даъвати ИНИТ аз Раҳмон оид ба барқарор кардани ҳуқуқҳои интихоботии поймолшуда

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) аз президент Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки барои барқарор кардани ҳуқуқҳои интихоботии поймолшуда ва озодиҳои шаҳрвандон аз ваколатҳои конститутсионии худ истифода кунад, зеро вазъи маъракаи интихоботӣ бо мурури наздикшавии муҳлати бақайдгирии номзадҳо бомаром бад шуда истодааст. Дар изҳороти интишоршудаи ИНИТ рӯзи 4-уми октябр дар ин робита зикр мегардад, ки беш […]

ASIA-Plus


Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) аз президент Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки барои барқарор кардани ҳуқуқҳои интихоботии поймолшуда ва озодиҳои шаҳрвандон аз ваколатҳои конститутсионии худ истифода кунад, зеро вазъи маъракаи интихоботӣ бо мурури наздикшавии муҳлати бақайдгирии номзадҳо бомаром бад шуда истодааст.

Дар изҳороти интишоршудаи ИНИТ рӯзи 4-уми октябр дар ин робита зикр мегардад, ки беш аз 1,5 млн. нафар шаҳрвандони муқими хориҷи кишвар, ки 40%-и аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳанд, аз ҳуқуқи одии интихоботӣ – имзогузорӣ ба ҷонибдории номзад маҳрум гардида, вале дар ҳисоби 5%-аи меъёри ҷамъоварии имзоҳо ба инобат гирифта мешаванд.

«Ин вазъ барои аксарияти субъектҳои номзад пешбаринамуда, бахусус нерӯҳои мухолиф монеъаи рафънашаванда эҷод сохт, зеро меъёри дастгирии интихоботӣ ба таври сунъӣ қариб ду маротиба зиёд карда шуд», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар изҳорот таъкид мегардад, ки сохторҳои давлатӣ бо шумули ниҳодҳои қудратӣ барои бадномкунии нерӯҳои сиёсии шомил ба ИНИТ, пеш аз ҳама аз ҲНИТ сафарбар шуда, миқёси ин гуна амалҳо то ҳадде возеҳу аён аст, ки раҳбарияти ВКД ва он ҳам панҷ рӯз қабл аз маъракаи ҷамъоврии имзоҳо аз кормандонаш даъват намуд, ки ба ҷараёни маъракаи интихоботӣ дахолат накунанд.

«Танҳо барои тасдиқи варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо гурӯҳҳои ташаббускори ҲНИТ 10 рӯз, яъне нисфи муҳлати зарурӣ барои ҷамъоварии имзоҳоро аз даст доданд», – гуфта мешавад дар изҳороти ИНИТ.

ИНИТ бар ин назар аст, ки барои барқарор кардани қонуният таъҷилан бояд аз фаъолияти зиддиконститутсионии КМИР пешгирӣ шавад. «ИНИТ ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ даъват мекунад, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз амалҳои ғайриқонунии КМИР ва дигар мақомот, аз механизмҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ истифода карда шавад», – гуфта мешавад дар изҳорот.

ИНИТ комилан мутмаин аст, ки танҳо баргардонидани ҷараёни интихобот ба маҷрои конститутсиониву байнулмилалӣ ва ҳуқуқӣ ва танҳо барқарор кардани ҳуқуқҳои интихоботӣ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои аҳзоби сиёсӣ шарт ва асоси иштироки минбаъдаи шаҳрвандон ва нерӯҳои сиёсӣ дар интихоботи президент шуда метавонанд. «Дар акси ҳол, масъулият назди кишвар ва ҳамдиёрон ба мо имкон намедиҳанд, ки ба чорабинии зиддиконститутсионӣ ва зиддимардумӣ ҳамроҳ шавем», – баён мегардад дар хотимаи изҳорот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.