Пешниҳоди Зойиров ба Раҳмон оид ба даст кашидан аз иштирок дар интихобот

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров рӯзи 4-уми октябр бо изҳороте ба президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки аз интихобот дар маъракаи интихоботи президентӣ даст кашида, ба нақзи Конститутсияи кишвар роҳ надиҳад. Дар саҳифаи Зойиров дар шабакаи Фейсбук дар ин робита зикр мегардад, ки вакилони ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро боз номзади худ интихоб […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров рӯзи 4-уми октябр бо изҳороте ба президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки аз интихобот дар маъракаи интихоботи президентӣ даст кашида, ба нақзи Конститутсияи кишвар роҳ надиҳад.

Дар саҳифаи Зойиров дар шабакаи Фейсбук дар ин робита зикр мегардад, ки вакилони ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро боз номзади худ интихоб карданд, ки ин ин шикаст ва инкори Конститусия мебошад, азбаски Э. Раҳмон дигар ҳуқуқи номзад ба мақоми президентӣ шуданро надорад.

«Хабар расид, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат гирифтааст, яъне ҳоло ин амали ғайриконститутсионӣ на аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, балки ҲХДТ содир шуд», – менависад сиёсатмадор.

Бо ёдоварӣ аз қисми 2-юми моддаи 42-и Конститутсияи Тоҷикистон раиси ҲСДТ қайд мекунад, ки надонистани қонун ҷавобгарии ҳуқуқиро истисно намекунад. «Қаблан номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон ва инчунин Федератсияи мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Тибқи иттилои мавҷуда, то имрӯз Э.Раҳмон ба ин пешниҳодҳо ҳам ризоияти худро надодааст», – баён мегардад дар навиштаи Зойиров.

Дар хотима Р.Зойиров ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, эҳтиромона хоҳиш ва талаб мекунад, ки тибқи моддаи 64 Конститутсияи ҶТ, яъне ҳамчун кафили Конститутсия ва он арзишҳое, ки дар ин модда зикр ёфтааст, ба амали зиддиконститутсионӣ ва ба шикаст ва инкори Конститутсия роҳ надиҳад. «Вазифаи президентӣ аз Конститутсия, қонуният ва адолати иҷтимоӣ боло буда наметавонад!», – илова намудааст раиси ҲСДТ.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд.

Аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Раҳматилло Зойиров рӯи 28-уми сентябр эълом дошт, ки санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботишаро аз 6 ба 12-уми октябр гузаронид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.