Наришкин: Русия ба интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дахолат намекунад

spot_imgspot_img

Дата:


Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Тоҷикистон раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкинро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.

Пас аз мулоқоти тӯлонӣ бо сарвари давлати Тоҷикистон С.Наришкин дар посух ба саволи рӯзноманигоронт оид ба мавқеи Русия нисбати интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар Тоҷикистон изҳор кард, ки Русия мутмаин аст, ки маъракаи интихоботӣ президентӣ дар ҷумҳурӣ осоиштаву комилан тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ ва қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ сурат мегирад.

«Мо ба рушди устувори босуботи минбаъдаи Тоҷикистон манфиатдор буда, бовар дорем, ки мардуми кишвар мустақилона ба ояндаи худ раъй медиҳад табиист, ки мо ба он дахолат нахоҳем кард», – иброз дошт ӯ.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Наришкин доир ба паҳлӯҳои гуногуни муносибатҳои бисёрҷанба ва ҳамкории судбахши ду кишвар гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Русия барои Тоҷикистон ҳамшарики стратегӣ ва кишвари аз ҳама ҷиҳат басо наздик аст ва мо бо он ҳазорон пайвандҳои ногусастанӣ дорем”.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Русияро қариб 240 санади дуҷониба ташкил медиҳад ва 30 санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Таъкид гардид, ки санади дуҷонибаи ба тозагӣ ба тасвибрасида дар бораи тамдиди муддати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ба нафъи ҳарду кишвар ва таҳкими муносиботи стратегии онҳо хизмат хоҳанд кард. Ба муҳлати то 15 рӯз дароз карда шудани муҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон пас ворид шудан ба қаламрави Русия ва ба муддати то 3 сол дода шудани иҷозатномаи кор ба муҳоҷирони корӣ дастоварди мувофиқати муҳим номида шуд.

Барои афзоиш додани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия, ки рӯй ба коҳиш овардааст, аз ҷумла фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ба кор даровардани дигар омилҳои муассир зарур шумурда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз робитаҳои мустақими минтақаҳои Тоҷикистон бо зиёда аз 80 субъекти минтақавии Русия ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “дар ин кор Форуми байнипарлумонии “Тоҷикистон-Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” намоён ва арзандаи таҳсин аст”.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф ва фарҳанг низ зоҳир гардид. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...