Нимаи дуюми рӯзи 7-уми октябри соли равон дар Душанбе мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев бо сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский баргузор шуд.
Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати мусоидат дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон аз 16-уми октябри соли 2004 табодули назар намуданд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон бо мақсади роҳ надодан ба риоя накардани қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори ақида намуданд.



