М.Кабирӣ шахсан ба ҷонибдории О.Бобоназарова имзо ҷамъоварӣ мекунад

Раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ шурӯъ аз субҳи имрӯз шахсан ба ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номазади пешбаришуда аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова оғоз намуд. Маҳмадалии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии Бобоназарова ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала хабар дод, ки ин замон Муҳиддин Кабирӣ дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур қарор дошта, аз сокинони кӯчаи […]

Аваз Юлдошев


Раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ шурӯъ аз субҳи имрӯз шахсан ба ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номазади пешбаришуда аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова оғоз намуд.

Маҳмадалии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии Бобоназарова ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала хабар дод, ки ин замон Муҳиддин Кабирӣ дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур қарор дошта, аз сокинони кӯчаи Репин имзо ҷамъоварӣ мекунад.

«Қарори КМИР дар бораи тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо барои мо каме дермонда ба назар мерасад, зеро рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта мо ба хотимаи ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо оғоз намуда будем», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт, ки дар он ҷо фаъолони ҲНИТ ба ҷамоварии имзоҳо машғуланд, тамоили шиноснома бо худ надоштани шаҳрвандон ба назар мерасад, ки ба таври имконпазир метавонистанд аз номзади ҲНИТ дастгирӣ намоянд.

«Масалан, дар микрорайони 46-ум ва Гулбутта раисони кумитаи маҳаллаҳо шиносномаҳои шаҳрвандонро барои дастгирии дастаҷамъонаи кадом як номзаде ҷамъоварӣ кардаанд ва алҳол онҳоро ба сокинони маҳаллаҳо барнагардонидаанд», – зикр кард М.Ҳайит.

Сарфи назар аз ҳамаи ин ҳолатҳо, роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзади ҲНИТ изҳори итминон кард, ки то субҳи рӯзи 10-уми октябр ба КМИР миқдори зарурии имзоҳо (210 ҳазор)-ро пешниҳод хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.