БМТ меъёри бозтамвилро дар сатҳи 5,5% муқаррар кард


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,6 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 5,5 фоизи солона муқаррар гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, тағйироти навбатӣ бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот, мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ворид карда шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки маротибаи аввал  имсол меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 8 июли соли равон ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст карда шуда буд.

Тағйироти навбатӣ тадриҷан ба паст гардидани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ва вусъати сиёсати пулию қарзӣ нигаронида шудааст.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Соли гузашта меъёри бозтамвил чор маротиба – аз 9,8 то 6,8, кам гардида буд. Меъёри баландтарини бозтамвил соли 2008 ба қайд гирифта шуда, он замон сатҳи он ба 16%-и солна баробар шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное