Ҳомиёни ҳуқуқи инсон усули ҳамкорӣ бо расонаҳоро омӯхтанд

Намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа  дар Тоҷикистон зимни як давраи омӯзишию амалӣ усули ҳамкорӣ бо расонаҳоро фаро гирифтанд. Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» яке аз созмондиҳандагони тренинг, сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов иттилоъ дод, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ афзудани иқтидори созмонҳои узви Эътилоф ҷиҳати инъикоси масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона […]

Азия-Плюс


Намояндагони

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа

 дар Тоҷикистон зимни як давраи омӯзишию амалӣ усули ҳамкорӣ бо расонаҳоро фаро гирифтанд.

Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» яке аз созмондиҳандагони тренинг, сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов иттилоъ дод, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ афзудани иқтидори созмонҳои узви Эътилоф ҷиҳати инъикоси масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ВАО, торнигорҳои инфиродию ташкилотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ буд.

«Дар ҷараёни давраи омӯзишию амалӣ иштирокдорон ба ҷуз баррасии масоили ташкилу баргузории нишастҳои хабарӣ ва брифингҳо, такмили малакаи мусоҳибадиҳӣ, таҳияи иттилоия ва матолиби хабарӣ барои ВАО, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва торнигорҳо барои пешбурди фаъолияти созмонҳои аъзои Эътилоф, ҳамчунин бо кори вебгоҳҳои интернетӣ шинос шуда, торнигорҳои инфиродӣ ва ё ташкилотиро тарроҳӣ карданд», – иброз дошт Романов.

Ба гуфтаи ӯ, тренинги мазкур барои намояндагони Эътилоф нахустин таҷрибаи омӯзонидани усули ҳамкорӣ бо ВАО буд ва 

дар оянда низ


 


ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва адвокатҳо таълим додани назокатҳои фаъолият дар ин самт пешбинӣ шудааст.

Созмондиҳандагони тренинг Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва Намояндагии Penal Reform International (Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо) дар Осиёи Марказӣ буда, он дар доираи лоиҳаи «Таҳкими ниҳодҳо ва тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии шиканҷа дар 9 кишвари ИДМ» бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо гузаронида шудааст. Кормандони Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» ба ҳайси коршиносони ин давраи омӯзишию амалӣ ҷалб гардиданд.


Маълумот:

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис шудааст. Мақсади Эътилоф муттаҳидсозии кӯшиш ва талабот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ташаккули сиёсати «таҳаммулнопазирии комил» нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин бо такя ба меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа, талош варзидан баҳри такмили қонунгузорӣ ва таҷрибаи корбурди муқаррароти қонунҳои амалкунанда мебошад. Айни замон Эътилоф аз 12 ташкилоти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст, ки фаъолияти худро дар самтҳои гуногуни озодӣ аз шиканҷа амалӣ месозанд. Ҳамзамон 2 коллегияи адвокатҳо шарикони Эътилоф мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.