Президенти Тоҷикистон ба унвони президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати пирӯзии комалаш дар интихоботи президенти Озарбойҷон барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон ин хабарро бо қаноатмандии амиқ пазируфта, «аз нав интихоб шудани Шумо далели равшани боварии комил ба сиёсати бо роҳбарии Шумо пешгирифташуда аст, ки мақсад аз он шукуфоии кишвар ва беҳбудии халқи он мебошад».
«Аминам, ки дар давраи нави президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни Тоҷикистону Озарбойҷон минбаъд ҳам ба нафъи ҳар ду давлат ва халқҳои онҳо мустаҳкам мегарданд ва густариш меёбанд. Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки Тоҷикистон барои ин ҳамаи чораҳои заруриро мебинад», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон рӯзи 9-уми октябр президенти амалкунандаи Озарбойҷон Илҳом Алиев 91,5% раъйи интихобкунандагонро ба даст овард. Шумори номзадҳо ба мақоми президенти Озарбойҷон 10 нафарро ташкил медод. Дар ин мамлакат интихоботи президентӣ маротибаи панҷум доир мегардад. Дар Озарбойҷон 5,141 млн. нафар ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд.



