«Барқи тоҷик»: Лимити барқ ҷорӣ мешавад, вале каме дертар


Сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар робита ба овозаҳо оид ба таъхир афтодани ҷоришавии лимити барқ вобаста ба маъракаи интихоботи президентӣ дар кишвар изҳор намуд, ки ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷорӣ нагардидани маҳдудият дар истифодаи барқ пеш аз ҳама ба тирмаоҳи нисбатан гармтар вобаста аст. «Ғайр аз ин, мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нав ва ҷорисозии технологияҳои сарфаи барқ дар корхонаҳои бузурги кишвар низ ба ин таъсир дорад», – иброз дошт ӯ.

«Дар ин давра нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 мавриди истифода қарор гирифта, рӯзҳои наздик ба истифода додани Маркази барқу гармииҳии Душанбе-2 дар назар аст ва дар манотиқи гуногуни кишвар низ даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бунёд шуданд», – гуфт Н.Ёдгорӣ.

Ба қавли ӯ, ба ҳар ҳол, лимити исфодаи барқ дар Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, вале каме дертар. «Феълан дар мавсими тирамоҳу зимистон Тоҷикистон маҷбур аст, ки литити истифодаи барқро ҷорӣ намояд ва муҳлати ҷоришавии онро ҳукумат муайян мекунад», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки ширкати «Барқи тоҷик» як ҳафта қабл аз ҷоришавии лимит тавассути ВАО сокинонро аз он огоҳ хоҳад кард.

Ёдгорӣ таъкид дошт, ки ҷорӣ шудани лимити истифодаи барқ дар пойтахт зимистони оянда аз эҳтимол дур аст ва тӯли панҷ соли ахир дар шаҳри Душанбе лимит ҷорӣ нагардида буд.

spot_imgspot_img

Популярное