Баррасии лоиҳаи минтақавии сохтмони роҳи оҳан дар Ашқобод

Дар шаҳри Ашқобод дар доираи иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Амнияти энергетикӣ ва рушди устувор аз дидгоҳи САҲА» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот анҷом дод. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои дуҷонибаро дар […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Ашқобод дар доираи иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Амнияти энергетикӣ ва рушди устувор аз дидгоҳи САҲА» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд. Ҳамкориҳои ду кишвар ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи оҳани «Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон», ки дар оянда метавонад ба ҷузъи муҳими ҳамлу нақли байналмилалии Осиёи Марказӣ мубаддал гардад, мавриди таваҷҷуҳи хоссаи тарафҳо қарор гирифт.

Дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки баъд аз татбиқи лоиҳаи мазкур шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми минтақа пайдо шуда, соҳаҳои гуногуни саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон инкишофи бештар хоҳанд ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат