КМИР яке аз шахсони боэътимоди Эмомалӣ Раҳмонро иваз кард


Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии вакили парлумон Олим Салимзода ба сифати шахси боэътимоди номзад ба мансаби президентӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи гимни ҷумҳурӣ Гулназар Келдӣ қарор қабул кард.

Дар ҷаласа ҳамчунин 130 нафар нозирон аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА), ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ расман ба қайд гирифта шуданд.

Дар интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба санаи 6-уми ноябр таъин шуд, аз иштироки беш аз 700 нафар нозирони байнулмилалӣ интизорӣ меравад.

Роҳбари Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев иттилоъ дод, ки онҳо аз иштироки гурӯҳи нозирон аз САҲА, ИДМ, СҲШ ва намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе интизорӣ доранд.

Ӯ ёдовар шуд, ки дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2006 дар Тоҷикистон 536 нафар нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла аз САҲА – 254 нафар, ИДМ – 167 нафар, СҲШ – 17 нафар ва аз намояндагиҳои дипломатӣ – 86 нафар ҳузур доштанд.

Додоев илова намуд, ки дар маъракаи интихоботии парлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 25 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ низ ширкат варзида, интизорӣ меравад, ки дар маъракаи интихоботи президент шумори онҳо бамаротиб зиёд хоҳад шуд.

Бо мақсади ҳарчи бештар дар интихоботи Президенти ҶТ фаро гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд,  КМИР қарор қабул кард, ки дар Фаронса ва Давлати Қувайт низ участкаҳои интихоботӣ таъсис дода шаванд. Ҳамин тариқ, дар 26 кишвари дунё барои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон қитъаҳои интихоботӣ кушода мешаванд.

Ба қавли ӯ, дар Русия – 24, Афғонистон – 4, Туркия, ИМА, Эрон, Арабистони Саъудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин ва Қазоқистон – 2-тогӣ ва Ӯзбекистон, Ҷопон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Миср, Озарбойҷон, Туркманистон ва як қатор кишварҳои аврупоӣ 1-тогӣ қитъаҳои овоздиҳӣ боз мегарданд.

Зимнан зикр гардид, ки бо қарори КМИР, тамоми қитъаҳои овоздиҳии дар хориҷи кишвар бозшуда ба ҳайати ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3-и пойтахт шомил мегарданд.

spot_imgspot_img

Популярное