Анҷоми вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон дар Суғд

Имрӯз як силсила вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагони вилояти Суғд ба итмом мерасад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи имрӯз вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагони шаҳри Хуҷанд дар назар буда, нимаи дуюми рӯз чунин вохӯриҳо бо аҳолии ноҳияҳои Айнӣ, […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз як силсила вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагони вилояти Суғд ба итмом мерасад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи имрӯз вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагони шаҳри Хуҷанд дар назар буда, нимаи дуюми рӯз чунин вохӯриҳо бо аҳолии ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мстчоҳ ва шаҳри Панҷакент доир мегарданд.

«Пагоҳ КМИР сабти мулоқотҳои номзадҳо бо аҳолӣ барои намоиш дар шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистонро дар нақша дошта, аз 26-уми октябр то 1-уми ноябр вохӯрии номзадҳо бо аҳолии ноҳияҳои водии Рашт, вилояти Хатлон ва Бадахшон баргузор мешаванд», – зикр кард Додоев.

Додоев хотиррасон намуд, ки бо қарори КМИР номзадҳо ба мансаби президентӣ ба суханронии 30-дақиқаинаи ройгон дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ ҳуқуқ дошта, ба шахсони бовариноки номзадҳо низ дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ 20 дақиқа эфир дода мешавад. «Ҳамчунин номзадҳо ҳуқуқ доранд, ки дар матбуотӣ расмӣ маълумот дар бораи барномаҳои пешазинихоботии худ дар ҳаҷми 10 саҳифаи чопӣ (шрифти 14)-ро низ ба нашр расонанд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки нимаи дуюми имрӯз КМИР ҶТ гурӯҳи навбатии нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи президенти Тоҷикистонро ба қайд мегирад.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.