Ҷиҳати иштирок дар нишастҳо нахуст Э.Раҳмон вориди Минск шуд


Ҷиҳати иштирок дар нишастҳо нахуст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди пойтахти Беларус – шаҳри Минск шуд. Дар ин бора

хабаргузории Бела ПАН

иттилоъ медиҳад.

Хабаргузорӣ менависад, нимаи дуюми имрӯз дар Минск ҷаласаи сарони давлатҳои Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё (ЕвразЭС) ва пагоҳ, 25-уми октябр ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Дар ҳамин ҳол, президенти Қирғизистон дар нишастҳои Минск ширкат намеварзад. Ба иттилои хабаргузорӣ, дар ин нишастҳо Қирғизистонро муовини аввали нахуствазири ин кишвар Ҷоомарт Оторбоев намояндагӣ хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное