Нерӯҳои марзбонӣ: Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон комилан ором аст

– Вазъ дар тамоми тӯли марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон комилан орому амн буда, ҳеҷ далеле барои ташвиш вуҷуд надорад, – изҳор намуд сардори маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев. «Робитаҳои роҳандозишуда миёни мақомоти марзбонии ҳарду кишвар ба ноамн кардани вазъ дар марзи давлатии кишварҳои ҳамсоя роҳ намедиҳанд ва нахоҳанд дод», – гуфт ӯ. Чанде […]

ASIA-Plus


– Вазъ дар тамоми тӯли марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон комилан орому амн буда, ҳеҷ далеле барои ташвиш вуҷуд надорад, – изҳор намуд сардори маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев.

«Робитаҳои роҳандозишуда миёни мақомоти марзбонии ҳарду кишвар ба ноамн кардани вазъ дар марзи давлатии кишварҳои ҳамсоя роҳ намедиҳанд ва нахоҳанд дод», – гуфт ӯ.

Чанде қабл шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи вуруди ғайриқонунии марзбонони тоҷик ба минтақаи чоҳи нафтии «Катта – Туз» дар ноҳияи Лейлаки вилояти Бодканд хабар дод.

Бино ба маълумоти хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя, зимни мулоқоти рӯзи 24-уми октябр миёни намояндагони хадамоти марзбонии ҷонибҳо, намояндагони Тоҷикистон масъалаи барқарор кардани истифодаи чоҳи нафти «Катта-Туз»-ро пеш гузоштаанд, вале ҷониби Қирғизистон ин талаби онҳоро беасос шуморида, баргузории корҳоро рад крадааст, зеро ин минтақаи назди марзи давлатии кишварҳо то ҳанӯз баҳснок боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад, марзбонони қирғиз ба ҳамтоҳои тоҷики худ нома ирсол намуда, дархост кардаанд, ки бо мақсади пешгирии вазъи мухолифатомез дар минтақаи «Катта-Туз», ба барқарор шудани корҳои истихроҷи нафт дар ин минтақа то ҳаллу фасли қонунии аломатгузории ниҳоии марз миёни давлатҳо ва иғвогариҳо дар марзи умумӣ роҳ надиҳанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.