Президенти Тоҷикистон бо «Ордени Иттиҳод дараҷаи I» қадрдонӣ шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Конгресси байнулмилалии саноатчиён ва соҳибкорон – «Ордени Иттиҳод дараҷаи I» қадрдонӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти гуногунҷабҳа дар таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳои Авруосиё ва саҳми арзандаи шахсӣ дар кори ҳамгиройӣ ва ҳамкорӣ дар паҳнои пасошӯравӣ ба […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Конгресси байнулмилалии саноатчиён ва соҳибкорон – «Ордени Иттиҳод дараҷаи I» қадрдонӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти гуногунҷабҳа дар таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳои Авруосиё ва саҳми арзандаи шахсӣ дар кори ҳамгиройӣ ва ҳамкорӣ дар паҳнои пасошӯравӣ ба ин мукофот сазовор дониста шудааст.

Конгресси байнулмилалии саноатчиён ва соҳибкорон ташкилоти байнулмилалии ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ мебошад, ки 21-уми феврали соли 1992 бо ташаббуси Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорон (корфармоён)-и Русия таъсис дода шуд. Айни замон Конгресс иттифоқҳои миллии 27 кишвари Аврупо ва Осиё, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Булғория, Маҷористон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Лаҳистон, Русия, Руминия, Словакия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Чехия, Эстония ва дигар кишварҳоро муттаҳид менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.