Ҳамла ба қатораи хатсайри Маскав-Душанбе

Шоми рӯзи 26-уми октябр зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи роҳи оҳани Русия қатораи хатсайри Маскав-Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҳамлаи ногаҳонӣ аз ҷониби як гурӯҳи иборат аз 20 нафар шахсони славянитабор сурат гирифта, 20 шишаи тирезаи вагонҳо шикаста ва ба чанде аз мусофирон […]

Пайрав Чоршанбиев


Шоми рӯзи 26-уми октябр зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи роҳи оҳани Русия қатораи хатсайри Маскав-Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҳамлаи ногаҳонӣ аз ҷониби як гурӯҳи иборат аз 20 нафар шахсони славянитабор сурат гирифта, 20 шишаи тирезаи вагонҳо шикаста ва ба чанде аз мусофирон осеби сабуки ҷисмонӣ расонида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми ҳамла дашному таҳқир ва таҳдидҳои миллатгароёна ба унвони мусофирони қатора садо додаанд. «Кормандони пулиси маҳаллӣ дар нақлиёт ва кормандони истгоҳ, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, худро канор гирифта, ҷиҳати пешгирии ин ҳодиса ҳеҷ чорае наандешидаанд», – гуфт ӯ.

Намояндаи сафорат таъкид дошт, ки бригадири қатора кӯшиш кардааст, ки дар бораи ин ҳодиса ба ба истгоҳи ояндаи Волгоград барқия ирсол намояд, вале барқияи ӯро бо баҳонаи миёни Тоҷикистону Русия мавҷуд набудани шартнома дар ин хусус қабул накардаанд.

Ба қавли Эгамзод, гузашта аз ин, ду корманди хадамоти назорати амният дар роҳҳои оҳани вилояти Астрахан, ки  қатори Тоҷикистонро аз Маскав то марзҳои Русия (истгоҳи Оқсарой) ҳамроҳӣ мекарданд, низ ҳеҷ чорае наандешида, хадамоти дахлдорро аз ин рӯйдод огаҳ накардаанд.

«Дар ин робита сафорати Тоҷикистон тавассути роҳҳои дипломатӣ ба Русия муроҷиат намуда, тафтиши мӯшикофонаи ин падидаи қавмгароӣ ва ҷуброни зарари моддии расида ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро дархост кард», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.