Мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагони шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар мулоқоти рӯзи 28-уми октябр бо интихобкунандагони шаҳри Қӯрғонтеппа номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков пешниҳод намуд, ки санаи 7-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи ягонагии миллат эълон гардида, ҳамасола ҷашн гирифта шавад. «Сарфи назар аз пирӯзии ҳар кадоме аз номзадҳо, мо атрофи ӯ муттаҳид гардида, умедворем, ки ӯ з ҳам аз […]

Сайраҳмон Назриев


Дар мулоқоти рӯзи 28-уми октябр бо интихобкунандагони шаҳри Қӯрғонтеппа номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков пешниҳод намуд, ки санаи 7-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи ягонагии миллат эълон гардида, ҳамасола ҷашн гирифта шавад.

«Сарфи назар аз пирӯзии ҳар кадоме аз номзадҳо, мо атрофи ӯ муттаҳид гардида, умедворем, ки ӯ з ҳам аз мо ҷудоӣ намеҷӯяд», – иброз дошт ӯ.

Дар Қӯрғонтеппа вохӯрии дигар номзадҳо ба мансаби президентӣ ва шахсони боэътимод бо аҳолӣ баргузор шуда, онҳо дар бораи барномаҳои пешазинтихоботии худ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Номзад аз Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров аз камбудиҳои Кодекси андози ҷумҳурӣ ва ба бозбинӣ ниёз доштани он ҳарф зада, иброз дошт, ки имрӯз беш аз 85%-и буҷет аз ҳисоби андозҳои соҳибкорони хурду миёна ҷамъоварӣ гардида, мутаассифона, як қисмати андозсупорандагони бузург аз пардохти андоз озод шудаанд, ки аз рӯи инсоф нест. «Барномаи мо аслан ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва мушкилоти ҳаёти аҳолӣ нигаронида шудааст», – гуфт ӯ.

Номзади Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов роҳандозии ислоҳот дар низоми судиро дар сурати пирӯзӣ ваъда карда, бар ин назар аст, ки шахсони синнусоли аз 50-сола болоро мебояд судя таъин намуд, зеро судяҳои ҷавони имрӯза аз таҷрибаи зиндагӣ бархӯрдор нестанд ва ба иштибоҳҳо роҳ дода, ҳукмҳои ғайримунсифона содир менамоянд. Ҳамчунин Исмонов роҳандозии хизматгузории ройгони тиббӣ ва таҳсилро ваъда дода, зикр кард, ки бояд дар макотиби олӣ гурӯҳҳои шартномавӣ баста шаванд.

Толиббек Бухориев, номзади Ҳизби аграрӣ дар барномааш ислоҳоти ҷиддӣ дар бахши кишоварзӣ ва ба сатҳи шаҳр наздик гардонидани ҳаёти мардуми деҳотро пешбинӣ мекунад.

Номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев низ роҳандозии ислоҳоти иқтисодиро дар нақша дорад.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.