Президент ба сохтмони меҳмонхонаи 5 ситорадор дар Кӯлоб ҳусни оғоз бахшид

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб аз деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Зарбдор оғоз ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон санги асоси сохтмони як мактаби замонавӣ гузошта шуд, ки бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори зодаи ҳамин деҳа […]

ASIA-Plus


Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб аз деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Зарбдор оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон санги асоси сохтмони як мактаби замонавӣ гузошта шуд, ки бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори зодаи ҳамин деҳа Комилҷон Каримов дар зарфи 2 соли оянда сохта, ба мардуми ин деҳа ҳадя карда мешавад. Аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои мактаб аён гардид, ки он сеошёна буда, барои 1300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.

Сипас сарвари давлат бо фаъолияти намунавии хоҷагии деҳқонии Сабзи шаҳри Кӯлоб аз наздик ошно гардида, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дорои 300 га замин буда, дар 185 га пахта, 50 га ғалладона, 2,5 га сабзавот кишт намудааст. Дар майдони 36 га боғи намунавии меваҳои содиротӣ бунёд намудаанд, ки дар миёни қаторҳои он низ пахта кишт шудааст.

Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаби боҳашамати Президентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 640 нафар хонандагони хушлаёқат аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пешбинӣ гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросимҳои мавриди истифода қарор гирифтани беморхона ва дармонгоҳи қисми мустақили раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон иштирок кард. Дар ин бино аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба шумораи зиёди собиқадорони ин соҳа кумаки яквақтаи моддӣ ва роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои машҳури кишвар тақдим карда шуд, ки туҳфаи арзанда дар арафаи солгарди навбатии Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.

Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри  Кӯлоб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи дараҷаи 5 ситора оғоз бахшид.

Ин меҳмонхона ҳам аз ҷиҳати баландӣ ва ҳам дараҷаи байналмилалии 5 ситора дар шаҳри Кӯлоб нахустин хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, ин меҳмонхона дорои 200 ҷойи хоб буда, бо харҷи 8,2 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадсодиқ Кулулов дар зарфи 2 соли оянда, яъне то ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёд ёфта, ба як гӯшаи шаҳри Кӯлоб симою зебоии тоза зам менамояд.

Дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин дар ҳузури сарвари давлат бинои дуошёнаи корхонаи дӯзандагӣ, як корхонаи муосири орд, як корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушк низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бегоҳии рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин оромгоҳи олиму мутафаккири бузурги Шарқ Мир сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо ҳайати ҳамроҳи худ ба рӯҳи поки ин бузургмард ва ба хотири таъмини ободию шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз  дуою фотиҳа карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.