Боздиди фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Русия аз Тоҷикистону Афғонистон

Муовини аввали директори Хадамоти федералии амнияти Русия, фармондеҳи Хадамоти марзбонии Русия генерал-полковник Владимир Кулишов шоми имрӯз ба Душанбе ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, субҳи рӯзи чоршанбе ӯ бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо дидору гуфтушунид мекунад. «Кулишов аз посгоҳҳои марзии […]

Аваз Юлдошев


Муовини аввали директори Хадамоти федералии амнияти Русия, фармондеҳи Хадамоти марзбонии Русия генерал-полковник Владимир Кулишов шоми имрӯз ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, субҳи рӯзи чоршанбе ӯ бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо дидору гуфтушунид мекунад.

«Кулишов аз посгоҳҳои марзии сарҳадбонони тоҷик дар Панҷи Поён ва ноҳияи Ҳамадонӣ боздид намуда, бо фаъолияти ҳайати шахсии ин посгоҳҳо аз наздик ошно хоҳад шуд», – гуфт Х.Раҳматуллоев.

Зимнан зикр гардид, ки сипас Владимир Кулишов ба гузаргоҳи марзии Шерхон Бандари Афғонистон раҳсипор шуда, бо раҳбарияти нерӯҳои марзбонии афғон дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.