Баррасии масъалаи сохтмони масҷиди бузургтарини Тоҷикистон дар Қатар

Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ бо вазири молияи Давлати Қатар ва раиси Шӯрои идории Бонки миллии Қатар Алӣ Шариф ал-Имодӣ мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни он маҷмӯи васеи масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қатар, раванди татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба, ба хусус ҳамкориҳо дар […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ бо вазири молияи Давлати Қатар ва раиси Шӯрои идории Бонки миллии Қатар Алӣ Шариф ал-Имодӣ мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни он маҷмӯи васеи масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қатар, раванди татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба, ба хусус ҳамкориҳо дар соҳаҳои бонкию молиявӣ, сохтмони масҷиди замонавӣ дар шаҳри Душанбе ва Маҷмааи манзилию тиҷоратии “Диёри Душанбе” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Алӣ ал-Имодӣ ба муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари ба ҳам дӯст баҳои мусбат дода, аз ҷумла қайд намуд, ки робитаҳо бо ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар боз ҳам фаъолтар хоҳанд гардид.

Гуфта мешавад, ҳамзамон зимни мулоқот роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.