Дар шимоли ҷумҳурӣ ширкати Малайзия ба маблағи 400 млн. $ МБГ месозад

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасонии Шартномаи консессияи Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «HOS International Trading SDN BHD»-и Малайзия доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, шартномаи консессионии мазкур муносибатҳои байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «HOS International Trading SDN BHD»-ро дар […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасонии Шартномаи консессияи Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «HOS International Trading SDN BHD»-и Малайзия доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, шартномаи консессионии мазкур муносибатҳои байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «HOS International Trading SDN BHD»-ро дар доираи татбиқи лоиҳае, ки дар доираи он азнавсозӣ ва истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии ҶСК «Ангишт», лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи тиҷоратии Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» ва дигар инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, ба танзим медарорад.

Ба иттилои манбаъ, Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» бо иқтидори истеҳсолии 300 мегават нерӯи барқ бо ҷалби беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим бунёд карда мешавад. Дар назараст, ки бо дарназардошти ба кор андохтани иқтидорҳои нави ҶСШК «Ангишт» ва ба фаъолият шурӯъ намудани МБГ «Шӯроб» то 1000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Гуфта мешавад, мутобиқи шартнома ширкати консессиядор танҳо ҳуқуқи идоракунии ҶСШК «Ангишт»-ро дар давоми мӯҳлати татбиқи лоиҳа ба даст оварда ӯҳдадор мегардад, ки аз ҳисоби маблағҳои худ иқтидору инфрасохтори истеҳсолии корхонаро барқарор ва азнавсозӣ намояд. Ин имкон фароҳам меорад, ки ҳаҷми истихроҷи ангишти кони Шӯроб то ҳаҷми барои истифодабарии МБГ зарурӣ расонида шавад. Ангишти аз ҷониби ҶСК «Ангишт» истихроҷшуда дар навбати аввал барои эҳтиёҷоти МБГ «Шӯроб» дар асоси шартномаҳои байни ҶСК «Ангишт» ва Ширкати лоиҳавӣ таҳвил мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.