Идомаи вуруди барқияҳои табрикӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон

Сарони кишварҳои Озарбойҷон, Эрон ва Туркманистон ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба мансаби президентӣ интихоб шуданаш барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Пирӯзии боэътимоди Шумо дар интихобот аз боварии комил нисбат ба Шумо, аз дастгирии халқи Тоҷикистон сиёсати Шуморо, ки […]

ASIA-Plus


Сарони кишварҳои Озарбойҷон, Эрон ва Туркманистон ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба мансаби президентӣ интихоб шуданаш барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Пирӯзии боэътимоди Шумо дар интихобот аз боварии комил нисбат ба Шумо, аз дастгирии халқи Тоҷикистон сиёсати Шуморо, ки мақсад аз он таҳкими мустақилияту соҳибихтиёрии кишвар, рушди демократия, тартибу низом ва қонуният аст, далолат мекунад. Аминам, ки саъю кӯшишҳои якҷояи мо минбаъд ҳам ба густариши муносибатҳои неку дӯстонаи анъанавӣ, рушди ҳамкорӣ ва фаъолияти мутақобилаи байни кишварҳоямон ба манзури шукуфоии халқҳоямон мусоидат менамояд».

Дар барқияи шодбошии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ таъкид шудааст: «Ин интихоби муҷаддад, фурсатеро барои самарабахшии талошҳои масъулини Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ шудани барномаҳои дар дастури кори миёни ду кишвар фарохам хоҳад намуд. Умедворам, дар давраи ҷадид ва дар партави сайъу кушишҳои муштарак, беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобити миёни ду кишвар дар ростои манфиатҳои мутақобили ду миллат ва ҳамчунин тавсеаи сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бошем.

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Эмомалӣ Раҳмон «тансиҳатии бардавом, ғайрату қувваи ҳаётбахш, ҳамчунин бахту саодати шахсӣ ва дар мансаби олии давлатӣ ба нафъи пешрафту шукуфоии халқи дӯсти Тоҷикистон комрониҳо» таманно намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.