Идомаи вуруди номаҳои шодбошӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибн Ал Ҳуссейн ба президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки ҷиҳати тақвият ва беҳбудии равобити дуҷонибаи ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳо […]

ASIA-Plus


Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибн Ал Ҳуссейн ба президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки ҷиҳати тақвият ва беҳбудии равобити дуҷонибаи ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳо баҳри расидан ба манофеи муштараки ҳарду кишвар ва мардуми бародар ихлосмандии худро собит менамояд.

Дар барқияи табрикотии собиқ президенти Украина Леонид Кучма гуфта мешавад, «ман аз густаришу таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди миёни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳимояи мутақобили кишварҳои мустақиламон дар арсаи байналмилалӣ хушҳолам. Ман аз фаъолияти мушарак бо Шумо ва ба манфиати халқҳоямон ба хушнудӣ ёд мекунам».

Дар номаи шодбошии Президенти гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ омадааст: «Бонки Исломии Рушд тадбирҳои заруриро таҳти дастуроти ҳамешагии худ ҷиҳати дастгирии рушди Тоҷикистон қарор дода, барои он саъю кӯшиш ва омодагии худро иброз медорад ва умедворам, ки ҳамфикриро бо кишварҳои аъзои Бонки Исломии Рушд ба роҳ мемонад».

Борис Кандов – президенти Конгресси яҳудиёни бухороӣ дар ИМА ва Канада дар номаи шодбошии худ гуфтааст: «Аз номи ҷомеаи чандинҳазорнафараи яҳудиёни бухороии Амрикои Шарқӣ хоҳишмандам самимонатарин таҳнияти моро ба муносибати муҷаддадан барои муҳлати нав интихоб гардиданатон қабул фармоед. Дидори мо бо Шумо дар шаҳрҳои Ню- Йорк ва Душанбе фаромушнашуданист.  Воқеъбинӣ, матонати қазоват ва дӯстиву эҳтироми Шумо нисбат ба яҳудиёни бухороӣ эҳсоси фараҳмандии моро бедор мекунад. Мутмаинем, ки ин эҳсоси мо ҳаргиз хомуш нахоҳад шуд, балки сол ба сол ва бо ҳузури Шумо афзунтар хоҳад гашт».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.