Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан аз рушди муваффақонаи муносиботи байни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ зоҳир гардида, ба таъмини минбаъдаи ин раванд боварӣ изҳор мегардад.
Дар барқияи табрикотии президенти Покистон Мамнун Ҳуссайн таъкид мегардад, ки Тоҷикистон ва Покистон муносибатҳои олии дӯстона доранд ва ин муносибатҳо байни ду кишвари бародар ҳамеша самимӣ буда, дар натиҷаи саъю кушишҳои дуҷониба муносибатҳо дуҷониба дар ояндаи наздик боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.
Дар барқияи шодбошии Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорҷ омадааст: «Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Муғулистону Тоҷикистон минбаъд бо назардошти манофеи халқҳоямон рушду таҳким хоҳанд ёфт».
Ҷеймс Аппатурай, намояндаи махсуси Намояндаи махсуси Дабири кулли НАТО дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар номаи шодбошии худ ба рушди муколама ва ҳамкорӣ байни Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва Тоҷикистон изҳори эътимод намуда, таъкид месозад, ки «боварӣ дорам, ки мо метавонем муносибати Тоҷикистонро бо Алянс тавассути дастгирии талошҳои ислоҳот бо Барномаи шарикии инфиродӣ ва ҳамкорӣ таҳким намоем».


