Оғози ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати ИДМ

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ба кор оғоз мекунад, Тоҷикистонро муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Саидғуфрони Абдулло намояндагӣ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро атрофи […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ба кор оғоз мекунад, Тоҷикистонро муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Саидғуфрони Абдулло намояндагӣ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро атрофи масоили марбут ба инъикоси мавзӯи муҳоҷират дар ВАО, ташкили бозори умумии кор ва таъсири он ба танзими раванди муҳоҷират дар кишварҳои узви ИДМ, роҳандозии ҳамкориҳо бо диаспораҳои миллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати дастгирии шаҳрвандони қонунӣ дар қаламрави кишварҳои дигар қарордошта ва мутобиқати онҳо ба шароитҳои иҷтимоиву фарҳангии кишвари будубош табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа баррасии беш аз 10 масъала, аз ҷумла лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Консепсияи сиёсати мувофиқашудаи иҷтимоӣ ва демографӣ, ҷараёни иҷрои Барномаи ҳамкорӣ бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давраи солҳои 2012-2014, мавқеи кишварҳо дар масъалаи пешниҳоди паноҳгоҳ ва мақоми гуреза ва барномаи омодасозии мутахассисони машғул ба масоили муҳоҷират дар назар аст.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, масоили танзими муҳоҷирати кории наздимарзӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ дар ҳалли ушкилоти муҳоҷират низ мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро қарор хоҳанд гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.