Авиатсияи ҳарбӣ дар гузашти низомӣ ба муносибати савгандёдкунии президент

Дар гузашти низомие, ки ба муносибати ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 16-уми ноябр баргузор мешавад, авиатсияи низомӣ низ иштирок мекунад. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ подполковник Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз гузашти сарбозону афсарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ […]

Аваз Юлдошев


Дар гузашти низомие, ки ба муносибати ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 16-уми ноябр баргузор мешавад, авиатсияи низомӣ низ иштирок мекунад.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ подполковник Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз гузашти сарбозону афсарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 10 чархболи ҷангӣ ва ҳамин миқдор ҳавопаймоҳо низ дар як саф болои фазои майдони «Дӯстӣ» ба парвоз хоҳанд омад. «Баъди ин гурӯҳи десантчиёни ҳавоӣ низ ба майдон фуруд меоянд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда таъкид намуд, ки дар гузашти низомии мазкур  техникаи ҳарбии рӯйизаминӣ истифода нахоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки баъди маросими савгандёдкунии сарвари давлат дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 7 ҳазор афсарону сарбозони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузашти низомӣ доир мегардад.

То гузашти низомӣ маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, сарбозон ва афсарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба садоқат ба президенти тозаинтихоб баргузор мешавад.

Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.