Имрӯз ҳафтавори «Дайджест-пресс» 19-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн мегирад.
Муассиси ҳафтавор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зарурати таъсиси чунин ҳафтавор замоне пеш омад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзномаҳои чопи Русия қариб ба Тоҷикистон ворид намешуданд ва талабот ба чунин иттилоот дар кишвар хеле зиёд буд.
«Муддати де-се соли аввал «Дайджест-пресс» маводи рӯзномаҳои Русияро пурра бознашр мекард, сипас хабарнигорони худи ҳафтавор ба кор оғоз намуданд ва саҳфаҳои имрӯзи ҳафтавор асосан аз маводи хабарнигорони газета иборат аст», -гуфт Сатторов.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи фаъолият ҳафтавори «Дайджест-пресс» 10 сол газетаи сернусхатарини Тоҷикистон дониста шуд. «Солҳои аввал ҷиҳати нашри ҳафтавор 2-3 корманд машғули кор буда, имрӯз шумори коргарони идораи ҳафтавор 50 нафарро ташкил медиҳад», – афзуд муассиси ҳафтавор.


