Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар робита ба садамаи фоҷеабори ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Қазон барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла омадааст:
«Хабари садамаи ҳавопаймои мусофирбарро дар фурудгоҳи байналмилалии «Қазон», ки бар асари он даҳҳо шаҳрванд ҷони худро аз даст додаанд, бо андуҳи гарон қабул кардам.
Ба Шумо изҳори тасаллият намуда, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии моро ба пайвандон ва наздикони ҳалокшудагон расонед».
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи якшанбе зимни нишаст ба фурудгоҳи байнулмилалии Қазон ҳавопаймои Boeing 737 500 (ширкати ҳавопаймоии Тотористон)
ба замин бархӯрда
, таркиш ба вуқӯъ пайваст.
Тибқи маълумоти ахир, бар асари ин садама 50 нафар – 44 нафар мусофирон ва 6 нафар ҳайати техникиву халабонони тайёра ба ҳалокат расидаанд. Бо рақами телефони 8(843)227-46-50 метавон дар бораи ҳалокшудагон дар ин садама маълумот дарёфт намуд.


