Боздошти як шоҳиди парвандаи Зайд Саидов дар фурудгоҳ

Кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имрӯз дар фурудгоҳи Душанбе яке аз шоҳидони асосӣ оид ба парвандаи соҳибкор Зайд Саидов тоҷир Дилшод Раҳимовро боздошт намуданд, ки махсус барои баёнот додан дар суд аз Эрон омад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, адвокати Зайд Саидов хабар дод. Ба гуфтаи адвокат, асос барои боздошти Раҳимов он […]

Asia-Plus


Кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имрӯз дар фурудгоҳи Душанбе яке аз шоҳидони асосӣ оид ба парвандаи соҳибкор Зайд Саидов тоҷир Дилшод Раҳимовро боздошт намуданд, ки махсус барои баёнот додан дар суд аз Эрон омад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, адвокати Зайд Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи адвокат, асос барои боздошти Раҳимов он будааст, ки ӯ гӯё аз рӯи парвандаи нисбаташ бозшуда мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст. «Вале мо ба хубӣ медонем, ки нисбати Раҳимов ҳеҷ парвандаи ҷиноӣ боз нашуда, ӯ мавриди ҷустуҷӯ эълон нагардида буд. Мо, ҷониби ҳимоя бар ин назарем, ки айни замон Раҳимовро «мутақоид» месозанд, ки дар суд баёноти «зарурӣ» диҳад», – гуфт Қудратов.

Қобили зикр аст, ки тоҷир Дилшод Раҳимов ба суд ба сифати шоҳиди иловагӣ бо дархости ҷониби ҳимояи судшаванда даъват карда шудааст.

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.