Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати пурра ба истеъфо рафт

Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати пурра ба истеъфо рафт. Пас аз интихоботи президентӣ ин таҷрибаи маъмулӣ буда, ба меъёрҳои муқаррашудаи Конститутсияи Тоҷикистон ҷавобгӯ аст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин робита имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳайати сарвазир, муовини якум ва муовинони […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати пурра ба истеъфо рафт. Пас аз интихоботи президентӣ ин таҷрибаи маъмулӣ буда, ба меъёрҳои муқаррашудаи Конститутсияи Тоҷикистон ҷавобгӯ аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин робита имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳайати сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ то таъсиси ҳукумати нави Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон аз нахуствазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.