Музди меҳнати пасттарин дар Тоҷикистон дар паҳнои ИДМ

Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил музди меҳнати номиналии пасттарин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Шуъбаи иттилооти «Ведомости» менависад, музди меҳнати аз ҳама пасттарин – 4 ҳазору 864,73 рубли русӣ (705,38 сомонӣ) дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаст, ки нисбат ба Русия 6 маротиба камтар аст. Ба иттилои манбаъ, суръати аз ҳама баланди афзоиши […]

ASIA-Plus


Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил музди меҳнати номиналии пасттарин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Шуъбаи иттилооти «Ведомости» менависад, музди меҳнати аз ҳама пасттарин – 4 ҳазору 864,73 рубли русӣ (705,38 сомонӣ) дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаст, ки нисбат ба Русия 6 маротиба камтар аст.

Ба иттилои манбаъ, суръати аз ҳама баланди афзоиши музди меҳнат дар Белорус ба қайд гирифта шудааст, ки 38,5%-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар Русия ба 13,3% баробар буда, оид ба Ӯзбекистон дар ин бора маълумот мавҷуд нест.

Гуфта мешавад, аз рӯи сатҳи миёнаи музди меҳнат Русияву Қазоқистон ва Белорус кишварҳои пешсаф мебоашнд, ки мутаносибан сатҳи музди миёнаи меҳнат дар онҳо ба 30 228,7, 23 887 ва 20 119,8 рубли русӣ баробар аст.

Коршиноси масоили иқтисодии Маркази таҳлили макроиқтисодӣ ва пешгӯии кӯтоҳмуҳлати Русия Игор Поляков дар ин робита изҳор намудааст, ки сатҳи рушди саноат ва истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон дар сатҳи зеле ночиз қарор доранд ва аз ҷумла маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое шомил аст, ки шумори зиёди муҳоҷирони кориаш дар Русия фаъолият доранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ 718,70 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи августи ҳамин сол 12,8% ва моҳи сентябри соли гузашта 20,1% зиёдтар аст.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон музди меҳнати миёнаи моҳона дар Тоҷикистон 671,95 сомониро ташкил дод, ки дар муқиса бо ҳамин давраи соли гузашта 27,9% бештар мебошад. Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 250 сомонӣ баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.