Таъсиси КМ сохтмони лӯлаи интиқоли гази Тоҷикистону Чин

Як ширкати Чин намояндагии худ дар Тоҷикистонро сабти ном карда, ояндаи наздик ҳукумати ҷумҳурӣ бо ин ширкат корхонаи муштараки сохтмони лӯлаи интиқоли газро таъсис медиҳад. Аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои таъсисотии корхонаи муштарак ҷараён доранд. «Trans-Asia Gas Pipeline Co Ltd. аз таҷрибаи ғании […]

Заррина Эргашева


Як ширкати Чин намояндагии худ дар Тоҷикистонро сабти ном карда, ояндаи наздик ҳукумати ҷумҳурӣ бо ин ширкат корхонаи муштараки сохтмони лӯлаи интиқоли газро таъсис медиҳад.

Аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои таъсисотии корхонаи муштарак ҷараён доранд.

«Trans-Asia Gas Pipeline Co Ltd. аз таҷрибаи ғании корӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ бархӯрдор буда, феълан дар тамоми кишварҳои минтақа лоиҳаҳо оид ба сохтмони лӯлаи интиқоли газро амалӣ месозад. Дар Тоҷикистон оид ба сохтмони лӯлаи интиқоли гази Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон-Чин сухан меравад», – гуфтанд дар «Тоҷиктрансгаз».

Сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз кони нафту гази «Галкиниш» дар Турманистон оғоз гардида, тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад.

Гуфта мешавад, амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад. Масофаи ин лӯлаи газ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 400 километрро ташкил дода, лӯлаи интиқоли газ то ахири соли 2016 ба истифода дода мешавад.

Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон дар Бишкек зимни нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба имзо расида буд.

Лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон оғоз ва тариқи қаламрави Афғонистону Тоҷикистон то вилояти Синтзян-Уйғури Чин мерасад.

Тибқи маълумоти қаблии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, кор рӯи ин созишнома аз соли 2006 оғоз гардида буд, вале бинобар сабаби мавҷуд набудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, амалисозии он ғайриимкон буд. Айни замон маблағгузориро ҷониби Чин ба дӯш гирифт.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаҷми зарурии нафту газ барои истифода дар саноат истихроҷ намегардад ва дар ин масъала кишвар комилан ба воридот вобаста аст, вале аз аввали соли ҷорӣ Ӯзбекистон интиқоли он ба Тоҷикистонро пурра қатъ намуд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунидҳо бо Ӯзбекистон оид ба таъминот бо гази табиӣ дар соли 2014-ро оғоз намуда, вале дар бораи мууваффақона анҷом ёфтани он сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.

Айни замон якчанд ширкатҳо дар Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯву кашфи нафту газ машғуланд, ки бузургтаринашон ҶСК»Газпром» ва ширкатҳои муштаракан фаъолиятдоштаи Tethys Petroleum Limited, Total-и Фаронса ва корпоратсияи CNPC-и Чин мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.