Гумонбарии беш аз 1 ҳазор нафар мансабдорон ба истифодаи ғайриоқилонаи воситаҳои буҷет

Таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Амиршо Миралиев имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии ҷараёни иҷрои буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон музокироти парлумонӣ баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни ифтитоҳи музокирот Миралиев қайд кард, ки ҳадаф […]

Аваз Юлдошев


Таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Амиршо Миралиев имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии ҷараёни иҷрои буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон музокироти парлумонӣ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни ифтитоҳи музокирот Миралиев қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории музокироти мазкур таъмини шаффофияти хароҷоти воситаҳои буҷет ва ошкор сохтани камбудиву норасоиҳо дар ин самт мебошад.

«Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МНМО ҶТ Сафаралӣ Раҷабов зимни суханрониаш зикр кард, ки мутобиқи маълумоти расида аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар зарфи 9 моҳи соли 2013 барои ғайриоқилона истифода кардани воситаҳои буҷет 1 ҳазору 192 нафар шахсони масъули вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ва молиявӣ ҷалб гардида, 45 нафар мансабдорон аз кор озод карда шудаанд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, дар назди иштирокчиёни музокирот ҳамчунин намояндагони Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон низ дар ин бора ибрози назар карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.